пиршин тоҷик - پرشین تاجیک
пулӣ миёни сарзаминҳои форсизабон
ахбори Эрон ، табдили хати сириллик ба алифбоии ниёкон
табдили хати ниёкон ба сириллик
теъдоди боздид: 4744
4-Таърихи намак

    Хулосаи китоби “Таърихи намак”      

             
    Хеле аз чизҳое,  ки ҳамарӯза ба содагӣ дар дастраси мо ҳастанд, роҳи  пурмоҷароеро тай кардаанд . Намак ҳам яке аз ин маворид аст . Чи ҷангҳо,  ки сари ҳамин намак ба роҳ науфтода ва чи тамаддунҳое,  ки даври ҳамин намак шакл нагирифта. Марк Курлански (Mark Kurlansky) нависандаи китоби " Таърихи намак " ин гузори таърихиро барои мо таъриф мекунад .

             

Чаро китоби «Таърихи намак»-ро пешниҳод мекунем ?


    Хеле аз мо тарафдори подкасти(тадвини савтӣ)  таърихӣ ё китобу филми торихӣ ҳастем . Баъзе вақтҳо дӯст дорем,  бештар бидонем,  ки чӣ иттифоқе уфтода,  ки  чунин  шуда ?

    Фаҳмидани таърихи чизҳое,  ки имрӯз бо онҳо сару кор дорем,  ҳатман диди беҳтару васеътаре  ба мо хоҳад дод,  ки барои дарки беҳтари ношинохтаҳои ҷадиду тоза ба  дарди мо мехуранд. Китоб саршор аз иттифоқоту тасмимоти муҳими  таърихӣ аст, ки ҳар кадом метавонад роҳеро барои ману шумо ба як кунҷковии ҷадид боз кунад.

 

  Нависандаи китоби "Таърихи намак" кист ?

 

    Марк Курлански  нависандаи китоби «Таърихи намак»  алоқа дорад ба мавзӯъоте  бипардозад, ки то ҳоло чандон таваҷҷӯҳе  ба онҳо нашудааст . Ӯ рӯзноманагор аст, аҳли ҷустуҷӯ ва   гузоришҳои муфассалу нигоҳи густарда ва дар айни ҳол амиқаш ба ҷузъиёт дар осораш мушаххас аст . Китоби «Таърихи намак»  дар Эрон ба форсӣ мунташир нашуда ва муҳтавои фишурдаи он  ба форсӣ аз манбаи  аслӣ  омода гардидааст.

 

 

теъдоди назарот :
назар бидиҳед