пиршин тоҷик - پرشین تاجیک
пулӣ миёни сарзаминҳои форсизабон
ахбори Эрон ، табдили хати сириллик ба алифбоии ниёкон
табдили хати ниёкон ба сириллик
теъдоди боздӣд: 496
Пешниҳоди гиромидошти лаҳзаи омадани баҳор дар Фарорӯд

Иди Наврӯз асоситарину муҳимтарин меросест, ки аз ниёкони бостонӣ барои мо боқӣ мондааст. Наврӯзу ойинҳояш аслитарин риштаи пайванди мо бо аҷдодмон аст, ки дар тӯли чанд ҳазор соли гузашта омадани баҳору қадами пур аз хайру баракаташро муборак дониставу ба шодию сурур пардохтаанд.

Имрӯза ҷашни Наврӯз дар кишварҳое, ки Ҳавзаи Наврӯз номида мешаванд, ба суратҳои мухталифу ашколи гуногуне ҷашн гирифтаву гиромӣ дошта мешавад.

Шояд зеботарину беҳтарин хотироти бештари мо марбут ба рӯзҳое аст, ки дар таътилоту ҷашнҳои наврӯзӣ гузарондаем.

Дар Эрону Афғонистон иди Наврӯз мабдаъу нуқтаи оғози соли ҷадид ҳам ба шумор меояд. Аммо ғайр аз Наврӯз, ки меросе мондагору иҷтимоӣ аз ниёкон ааст, мероси дигаре низ вуҷуд дорад, ки бештар ҷанбаи илмӣ дораду аз донишмандону мунаҷҷимони бузурги гузашта ба мо расидаасту он "лаҳзаи таҳвили сол" ё ҳамон "лаҳзаи омадани баҳор" аст.

Лаҳзаи таҳвили сол дақиқан ҳамон замонест, ки аз назари нуҷумӣ метавонем бигӯем зимистон тамом шудаву баҳор аз роҳ мерасад. Ин лаҳза бар асоси қарор гирифтани маркази Хуршед бар нуқтаи эътидоли баҳорӣ анҷом мешавад ва ин замон аз диди як мушоҳидагари фарзӣ дар маркази замин андозагириву муҳосиба мешавад. Ин лаҳза мумкин аст дар охирин рӯзи сол ё дар ҳамон Наврӯз воқеъ шавад.

Ин замон бар хилофи оғози соли нав дар тақвими милодӣ (ки ҳамеша соъати 12-и шаб аст) ҳар сол дар замоне мутафовит иттифоқ меуфтад. Масалан, дар соли ҷорӣ соъати 7-у  19 дақиқаву 37 сония (ба вақти Теҳрон ) ва дар соли пеши рӯ дар соъати 13-у 7 дақиқаву 27 сония ин иттифоқ меуфтад. Далели собит набудани ин рӯйдод ба замони гардиши Замин ба даври Хуршед марбут мешавад. Замин дар муддатзамони тақрибии 365.25 рӯз ба даври Хуршед мечархаду лаҳзаи таҳвили сол ё омадани баҳор ҳар сол нисбат ба соли  қабл ба андозаи 0.25 (як чаҳорум) -и рӯз (ҳудуди 6 соъату андаке) тағйир мекунад.

Ҳамон гуна ки баён шуд, муҳосибаи лаҳзаи омадани баҳор бар асоси қарор гирифтани маркази Хуршед бар нуқтаи эътидоли баҳорӣ анҷом мешавад ва ин замон аз диди як мушоҳидагари фарзӣ дар маркази Замин анҷом мешавад ва ба ҳамин далел лаҳзаи омадани баҳор барои ҳамаи мардуми ҷаҳон дар як лаҳза рух медиҳад, бар хилофи тақвими милодӣ, ки соли нави кишварҳо ва шаҳрҳо дар он ба соъати маҳаллии онҳо вобаста аст ва ҳар кишвару шаҳре шарқитар бошад, зудтар соли нави милодиро оғоз хоҳад кард.

Лаҳзаи таҳвили сол яке аз отифитарину эҳсоситарин лаҳазот барои эрониён ва мардуми Афғонистон аст. Дар Эрон аз чанд дақиқа қабл аз фарорасидани ин замон аъзои хонавода саъй мекунанд дар канори ҳам ҷамъ шуда ва дар канори суфраи ҳафт син бинишинанд. Дар ин лаҳазот ҳар фард барои афроде, ки дӯст дорад, дуъо мекунаду талаби хайру хушӣ анҷом медиҳад.

Орзӯҳои худро бо худо дар миён гузоштаву дархости иҷобат ва бароварда шудани онҳоро мекунад. Барои даргузаштагон талаби раҳмат мекунад ва ...маъмулан, хеле аз афроди эҳсосӣ дар ин лаҳазот ашк мерезанд, ҳоло ё бо ғамҳои мондагори соли гузашта ва ё бо шавқи рӯзҳои соли оянда.

Бо фарорсидани лаҳзаи таҳвили сол телевизиюн ё родию ин иттифоқро эълом мекунанду мусиқии наврӯзӣ, ки бисёре шод ва зебо аст, пахш мешавад. Дар ин замон аъзои хонавода ҳамдигарро мебӯсанд ва ба якдигар шодбош мегӯянд.

Ҳамзамонии Наврӯз бо фарорсидани баҳор илова бар меросе иҷтимоӣ, ки аз сӯи ниёкон ба мо расидааст, меросе илмӣ низ ҳаст. Бисёре аз донишмандону мунаҷҷимони бузург ҳамвора талош мекарданд замонеро, ки Хуршед ба нуқтаи эътидоли рабиъӣ мерасад, бо диққати бештаре ҳисоб кунанд. Тақрибан ҳамаи мунаҷҷимони қадимии мо ба ҳаракати Хуршед дар осмон тавваҷуҳ мекарданду замонҳоеро, ки ба нуқоти эътидол (оғози фаслҳои баҳору пойиз) ва нуқоти инқилоб (оғози фаслҳои тобистону зимистон) мерасида, андозагирӣ мекарданд. Ва аз онҷое ки ин замон ҳамеша муборак ва фархунда буда, дар бисёре аз маворид тоҷгузории подшоҳон ва ё умури муҳимми дигарро дар ҳамин лаҳза анҷом медоданд.

Дар кишвари Тоҷикистон низ, агарчӣ тақвим милодӣ аст, аммо мардуми ин кишвар метавонанд лаҳзаи вуруди Хуршед ба нуқтаи эътидоли баҳориро ба унвони "лаҳзаи оғози фасли баҳор" дар канори дигар ҳамзабонони худ ҷашн бигиранд. Чунин коре сабаб мешавад, ки пайвандҳои мардуми минтақа бештару беҳтар гардад. Он ҳам бар асоси мероси муштараке, ки донишмандону андешмандони муштарак барои мо боқӣ гузордаанд ва бо тезҳушию фаросат аввали баҳору Наврӯзро бо якдигар баробар кардаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки саҳми донишмандоне, ки дар Хуросон ва Фарорӯд зистаанду пешбарандаи нуҷуми қадим будаанд, бисёр болову ғайри қобили инкор аст. Абӯмаҳмӯди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берӯнӣ, Абӯъалии Сино, Хоҷа Насири Тӯсӣ, Хайём, Хозинӣ, донишмандони расадхонаи Самарқанд ва бисёре дигар аз донишмандон бо расадҳову муҳосиботи худ саҳми муҳимме дар тадвини тақвими хуршедӣ ва муҳосиботи ҳаракати Хуршед доштаанд.

Ҳатто номи Зартушт низ бо гоҳшуморию тақвиму баҳор гиреҳ хӯрдааст. Расадҳову муҳосиботи ин донишмандон дар "лаҳзаи таҳвили сол " ё "лаҳзаи омадани баҳор" табдил ба як ойӣну расми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шудааст. Ва шояд басахтӣ битавон падидаву рӯйдоде мушобеҳро дар кулли торихи илм ёфт, ки ин гуна аз ҷаҳони илм бевосита ба дунёи фарҳангу иҷтимоъи башарӣ роҳ пайдо карда бошад ва пайванддиҳандаи афроди чанд кишвар бошад. Ва ин нишондиҳандаи азаммату аҳаммияти "лаҳзаи омадани баҳор" аст.

Дар солҳои ахир тоҷикони азиз соири маросими наврӯзиро бо шукӯҳи бештар аз бақияи ақвоми ҳавзаи Наврӯз баргузор мекунанд. То ҷое ки бештари форсизабонон орзӯ доранд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Фарорӯд ҳузур дошта бошанд. Аммо акнун солҳост, ки ҷои онҳо дар лаҳзаи "омадани баҳор" дар канори соири ҳамзабонони худ холӣ аст, дар ҳоле ки қисмати бузурге аз ин мероси илмӣ дар домони онҳо парварда шудааст. Албатта, бар ҳама равшан аст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз соли милодӣ барои гоҳшуморию тақвим истифода мекунанд ва наметавонанд ин лаҳзаро ба унвони лаҳзаи таҳвили сол гиромӣ бидоранд. Аммо ин замон барои ҳамаи мо “лаҳзаи омадани баҳор” асту лаҳзаест, ки метавонем дар он барои ҳам дуъо кардаву беҳтарин орзуҳоро барои ҳам дошта бошем.

Дар поён, бо даъват аз ҳамаи тоҷикони азиз барои бузургдошту баргузории лаҳзаи омадани баҳор, замони ин рӯйдодро бар асоси соъати ҳар кишвар меоварам ва фаромӯш накунед, ки ихтилофи ин замонҳо фақат ба хотири ихтилофи соъати кишварҳост ва лаҳзаи омадани баҳор дар як лаҳза барои ҳамаи мо рух хоҳад дод. Дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Душанбе, Кобул, Ҳирот, Теҳрон, Ҳамадон ва ҳар шаҳри дигаре дар дунё, дар як лаҳзаву замон ин лаҳзаро гиромӣ хоҳем дошт.

Тоҷикистон: соъати 14-у 37 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Узбакистон: соъати 14-у 37 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Қазоқистон (Олмотӣ): соъати 15-у 37 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Қирғизистон: соъати 15-у 37 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Эрон: соъати 13-у 7 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Афғонистон: соъати 14-у 7 дақиқаву 27 сонияи 20 марти 2021

Ба вақти соъати ҷаҳонӣ: соъати 9-у 37 дақиқаву 27 сония

теъдоди назарот :
назар бидиҳед